IQNA

 Дания: Қуръонсӯзиро мамнуъ мекунем

12:45 - August 26, 2023
рақами хабар: 373
Дания (ИКНА) вазири додгустарии Дания эълом кард, ки давлати ин кишвар қасд дорад қуръонсӯзиро мамнуъ кунад. 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Питер Хилгард, вазири додгустарии Дания, рӯзи ҷумъа ба хабарнигорон гуфт: давлат лоиҳаеро ироа хоҳад кард, ки бар асоси он рафтори номуносиб бо намодҳои мазҳабии муҳимми мутааллиқ ба як ҷомеаи мазҳабӣ мамнуъ шавад.

Вай афзуд: ҳадафи ин қонун мумонаъат аз сӯзондан ва ҳатки ҳурмати (кутуби муқаддас) дар амокуни умумӣ аст.

Ин иқдоми Дания пас аз он сурат мегирад, ки ҳатки ҳурмат ба Қуръони Карим дар ин кишвар хашми мусулмононро барангехтааст.

Дания ва Шветсия пеш аз ин эълом карда буданд, ки дар ҳоли баррасии роҳҳое барои маҳдуд кардани таҷаммӯъот барои сӯзондани Қуръон ҳастанд.

Дар ҳафтаҳои ахир вазоратҳои хориҷаи бархе кишварҳои исломӣ аз ҷумла Эрон ва Туркия намояндагони дипломатик Дания ва Шветсияро дар эътироз ба қуръонсӯзӣ ва ҳатки ҳурмати ин китоби осмонӣ эҳзор кардаанд.

https://iqna.ir/00HTT4

captcha